Шоенер Волфганг: «Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкунандаи ташаббусҳои бузург аст»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкунандаи ташаббусҳои бузург аст. Мо имрӯз дар ин мамлакат барои ҳалли як мушкилии ҷаҳонӣ ҷамъ омадаем. На ҳар давлати ҷаҳон метавонад чунин ташаббусҳои муҳимро дар чунин ҳамоиши сатҳи баланд доир намояд. Ин ташаббуси Тоҷикистон шоистаи таҳсин аст»,- чунин иброз намуд профессори Донишгоҳи GRAZ аз Ҷумҳурии Австрия Шоенер Волфганг ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Шоенер Волфганг иброз намуд, ки «дар доираи ин форум коршиносон роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам оид ба обшавии пиряхҳоро бозгӯӣ намуда, барои дар оянда амалисозии роҳу усулҳои пешгирии мушкилоти глобалӣ хулосаҳояшонро баён хоҳанд кард».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ дорад. Тоҷикистон ба туфайли сиёсати дарҳои кушод тавонист дар арсаи байналмилалӣ мавқеяшро муайян кунад. Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси мамлакати пешниҳодкунандаи чунин ташаббусҳои бузург шинохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Дар он 2500 намоянда аз 80 давлати хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд






