Шумораи корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳила ба марҳила зиёд мегардад

Май 23, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ду субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо ҶДММ «Нури Суғд» (коркард ва бастубанди тамоку) ва дигаре ҶДММ «Суғд Агро Трейд» (коркард ва басту банди биринҷ) мебошад.

Тавре роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода зимни суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, бо сабти ду субъекти нав шумораи онҳо ба 44 адад расид. 7 корхона бо давлатҳои Туркия ва Узбекистон муштарак буда, 9 корхона бо сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Канада, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва 28 корхона бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ фаъолият доранд.

Субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» на танҳо ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул мебошанд, балки доду гирифти тиҷоратиро бо кишварҳои хориҷӣ вусъат дода истодаанд. Аллакай молу маҳсулоти дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсолшаванда ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Олмон, Ироқ, Туркия ва Федератсияи Русия содирот карда мешавад.

«Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ соли 2024 ба 442,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 125,2 фоиз ё 89,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин ин нишондиҳандаҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 ба 106,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 129,1 фоиз ё 23,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ соли 2024 ба 4,4 миллион сомонӣ расонида шуда, дар семоҳаи аввали соли 2025 ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ таъмин карда шуд», — иттилоъ дод роҳбари минтақа Муҳаммад Муҳаммадзода.

Бояд гуфт, ки бозори фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озарбойҷон, Олмон, Туркия, Афғонистон, Русия ва Беларусро дар бар мегирад. Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо соли 2024 141,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 105,0 фоиз ё 6,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2024 ҳаҷми сармоягузории мустақим 47,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,8 % ё 15,3 миллион сомонӣ зиёд гардида, дар семоҳаи аввали соли 2025 ин нишондиҳанда ба 15,0 миллион сомонӣ расонида шуда, аз оғози фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба 233,3 миллион сомонӣ баробар гардид. Шумораи умумии ҷойи кор дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 930 нафарро ташкил медиҳад.

Масъулини ин минтақа бо мақсади таъсиси корхонаҳои нав дар ҳудуди минтақа ва ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ вохӯриҳо ва қабули соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва беруниро, ки барои таҳлилу омӯзиши имконияти минтақа меоянд, баргузор намуда, чораҳои заруриро дар ин самт мунтазам амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт марҳила ба марҳила баъди ба қайд гирифтани субъектҳои нав шумораи корхонаҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот боз ҳам бештар мегардад.

«Имконоти зиёд ва шароити мусоид дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» моро водор намуд, ки корхонаи худро дар ин минтақа ба қайд гирем ва баъди анҷоми корҳо, ки марҳилаи охирини он идома дорад, моҳи августи соли равон онро ба истифода диҳем», — чунин изҳор дошт роҳбари ҶДММ «Суғд Агро Трейд» Диловар Ишамов пас аз имзои қарордод барои таъсиси корхона дар ин минтақа.

Самти фаъолияти ин корхона ба коркард ва банду басти биринҷ бо технологияҳои инноватсионӣ (лазерӣ) равона гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 000 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. ҶДММ “Суғд Агро Трейд” дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зокирҷон Отабобоев таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Корхонаи дигаре, ки баъди бақайдгирӣ шумораи себъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро зиёд намуд, ин ҶДДМ «Нури Суғд» мебошад.

Тибқи иттилои роҳбари он Фурқат Турдиев, корхонаи навтаъсис, ки барои коркард ва бастубанди тамоку пешбинӣ гардидааст, бо сармоягузории хориҷӣ, ки аз 2 то 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, соли 2026 мавриди истифода қарор мегирад. Маҳсулоти хом аз хориҷи мамлакат дастрас шуда, дар ҳудуди корхона банду баст мегардад ва дар нақша аст, ки истеҳсоли солонаи маҳсулот аз 60 то 100 миллион дона сигорро ташкил диҳад.

Дар корхонаи навбунёд, ки дар айни замон корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти технологӣ ҷараён дорад, то 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва моши хуб таъмин хоҳанд гашт. Маҳсулоти истеҳсолгардида бо бренди миллӣ на танҳо дар дохили мамлакат, балки ба хориҷа низ содирот карда мешавад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсолию инноватсионӣ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли 2008 таъсис дода шуда, фаъолиятро аз моҳи апрели соли 2009 оғоз намудааст.

Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, таҷрибаи идоракунӣ барои ба даст овардани самаранокии истеҳсолот, истифодаи бештари захираҳои озоди табиӣ, тараққӣ додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии рушди саноат ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёдорвар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати рушти иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи идоракунии сарҳад ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар» 19-21 май ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сафар намуда, бо фаъолияти корхонаҳои ҳудуди ин минтақа шинос шуданд. Аз фаъолияти дигар субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ хабару мавод ба нашр хоҳанд расид.

Саидҷаъфар АШУРЗОДА,
Абдулмуъмин РАҲМАТУЛЛОЕВ,
Душанбе-Хуҷанд –Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд дар Алҷазоир баррасӣ гардид
Ҷавонон сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд
«Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ идома дорад
Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ҳамаи иқдом, дастгирию ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму дониши муосир гардидани ҷавонон аст»
Дар Душанбе татбиқи созишномаҳои молиявӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонон
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд
Афзалиятҳои рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон дар ҳамоиши Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ҶОМЕА. Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон