Тақрибан 1700 нафар барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе сабти ном шудаанд

Май 20, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз тақрибан 1700 нафар сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар Душанбе баргузор мешавад, номнавис шудаанд. Дар ин хусус 20 май дар брифинге, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ин конфронс 55 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, 48 созмон, аз ҷумла 1 сарвазир, 5 муовини президент, 5 муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, 11 вазир ва дигарон иштироки худро тасдиқ намудаанд.

Зимнан гуфта шуд, ки сомонаи конфронси сатҳи баланд: https://dushanbeicgp2025.com/. фаъолият менамояд ва бақайдгирии иштирокчиён идома дорад.

Дар брифинг таъкид шуд, ки «барномаи муфассали конфронс дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад».

Конфронси байналмилалӣ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид тарафдорӣ ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст