Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Вазир, Котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун дар Алмато баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқоти ҳайатҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо, такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук, амалӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо зоҳир гардид. Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки барои бартараф намудани ин масъала таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумоти омори гумрукӣ тавассути таъйин намудани шахсони тамоси масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукӣ зарур мебошад.
Мулоқот дар фазои муколамаи созанда ва эҳтироми мутақобил доир гардида, тарафҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ, ки ба пешбурди тиҷорат ва таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






