«Телевизиони Сафина» се филми мустанад — «Таназзули пиряхҳо», «Сарвати башарӣ» ва «Ванҷях» -ро манзури тамошобинон намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 3 филми мустанад, аз ҷумла «Таназзули пиряхҳо», «Сарвати башарӣ» ва «Ванҷях», инчунин барномаҳои гуногуни экологӣ таҳия ва пахш гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Маҳмадёқуб Зокирзода иттилоъ дод.
Ин филмҳо тақрибан 30-дақиқаӣ буда, бо зернависи забони англисӣ дар телевизион пахш карда шуданд. Мавзуи филм таърихи омӯзиш ва вазъи пиряхҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад. Инчунин вобаста ба ин масъала бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дода шуд.
Ба иттилои Маҳмадёқуб Зокирзода, ҳамарӯза дар барномаҳои телевизион суҳбату вохӯриҳо бо олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, зарурати ин тадбирҳо ба омма фаҳмонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои ин созмон якдилона дастгирӣ ёфт, доир карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид






