Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро роҳбаладон бо 8 забон шарҳ медиҳанд

Май 15, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои қабул намудани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо пурра омода гардидааст. Аз ҷумла, муҳтавои толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонони хориҷӣ бо 8 забон шарҳ дода мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» созмон дода шуд, ки он бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардидааст. Дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Ванҷях (собиқ Федченко) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтаанд.

Ҳамзамон дар толор таҷҳизоти соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.

Зимни тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос мегардад.

Мақсади асосии таъсиси ин толор ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон менамоем, ки 29-31 майи соли равон пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар ҳошияи Раванди оби Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.

Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин огоҳ менамоянд.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони  «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, бо таъкиди ин масъала иброз намуданд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо  танҳо манбаи об барои минтақа набуда,  дар ҳифзи   иқлими минтақа  низ нақши муҳим мебозанд».

Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро  Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.

АКС аз бойгонии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 15, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид