Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи мамлакат Саидмурод Мардонов дар 85-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Саидмурод Мардонов 5 январи соли 1940 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1964 Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Аз соли 1964 фаъолияти кориашро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Аз соли 1966 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дошт.
Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуда, унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон»-ро мушарраф гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






