Вазири саноати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мулоқот намуд

Май 27, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайатҳои ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ – «Presight»- Аморати Муттаҳидаи Араб (сармояаш 3,7 миллиард доллар, ки ба гурӯҳи G42 дохил аст ) ва «Scale AI»-и Амрико (сармояаш 25 миллиард доллар) мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сафари ҳайатро Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст. Дар мулоқот аз ҷониби «Presight» Директори тиҷорати ҷаҳонии ширкати «Presight» Муҳаммад Муадад Султон Носир Ал-Мҳейрӣ, директори генералии «SK-Presight» Максат Кошумбоев ва аз ширкати зеҳни сунъии «Scale AI» ноиби Президент оид ба шарикии байналмилалӣ Брук Артур, Директори техникӣ оид ба лоиҳаҳои ҳукуматӣ Мэттю Спал иштирок намуданд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оғози озмоишии лоиҳаи «Presight оид ба алгоритмҳои биниши компютерӣ дар доираи лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар шаҳри Душанбе, ҷойгиркунии намояндагиҳои минтақавии ҳарду ширкат дар минтақаи ояндаи Area AI — аввалин парки технологӣ дар минтақа бо иттилооти инноватсионии худтанзимшаванда, таъсиси кластери GPU ва маркази миллии додаҳои абрӣ дар асоси энергияи «сабз», ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи итттилооти инноватсионии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани мутахассисон, омӯзиш, ҳамкории таҳқиқотӣ ва ҳалли маҳаллисозии иттилотию инноватсионии ин ширкатҳи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории стратегӣ бо раҳбарони фанновариҳои ҷаҳонӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки зеҳни сунъӣ дар заминаи рушди устувори иқтисодии мамлакат авлавият дорад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои омода кардани ёддоштҳои ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани ташаббусҳои муштарак то охири соли 2025 тадбирҳоро муайян намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад