Зиёда аз 10 километр роҳи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 10 километр роҳи дохилии деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич бо иқдоми сокинон ва соҳибкорон мумфарш карда мешавад. Сокинон ва соҳибкорон маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашонро дар амалишавии ин иқдом сарф намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, ҳамворкунии роҳи дохилии деҳаи Росровут пурра ба анҷом расонида шуда, мумфаршкунӣ идома дорад.
Роҳ мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода мешавад.
Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар тамоми деҳаҳо иқдоми шоиста амалӣ намуда, бо ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаҳои деҳот намунаи ибрат гардидаанд.
То 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ роҳи деҳаҳои Росровут-Даҳкат-Қалъаи Дӯст, ки 25 километрро дар бар мегирад, пурра мумфарш карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич








«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд






