Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод гардид. Қонун ба тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз синн, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию нажодӣ, динӣ ва категорияи иҷтимоӣ равона гардидааст.
Дар асоси ин қонун аз ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо карда мешавад, ки бо ба асос гирифтани меъёрҳои дар ин қонун дарҷгардида дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандӯстии хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.
Қабули ин қонун тақозои замон буда, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ барои манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод менамоянд, хусусан дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, саривақтӣ мебошад.
Ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ ва эмин нигоҳ доштани тафаккури ҷавонон аз бархӯрдҳои раванди ҷаҳоншумулӣ мо бояд ҳамарӯза бо тамоми имконоти идеологӣ дарку эҳсоси ватандӯстиро дар замири ҷавонон талқин намоем.
Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст карда намешавад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст.
Дар раванди ҷаҳонгароӣ баробари баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию соҳибтахассус кардани ҳар фарди ҷомеа давлатро зарур аст, ки ба тарбияи ватандӯстӣ диққати аввалиндараҷа дода, давлатмеҳвариро дар зинаи аввал қарор диҳад.
Сафҳои гурӯҳу ташкилоти экстремистию террористӣ пур аз ҷавонони донишманду соҳибтахассус ва донандаи хуби чандин забони байналхалқӣ мебошанд. Аммо вақте аз овони ҷавонӣ дар замири ин зумра ватандӯстӣ ба таври шоиста шакл нагирифтааст, онҳо бо ҳама донишу маънавиёти худ ба доми барномаю гурӯҳҳои тундгаро меафтанд. Аз ҳамин лиҳоз шуруъ аз боғчаву мактаб то муассисаҳои таҳсилоти касбии миёнаю олӣ бояд насли навро ба тарбияи ватандӯстӣ ҷалб намоем ва байни ҳамаи табақаҳои ҷомеа давлатмеҳвариро талқин созем.
Шахси ҷавон, агарчанде ки донишманд ҳам набошад, аммо вақте меҳри ватан дар қалбаш ҷой дорад, дар дилхоҳ ҳолат барои ватану миллат сина сипар мекунад. Дар таърихи давлатҳои дунё ин нукта садҳо маротиба исботи худро ёфтааст.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шавем. Дар ин масир танҳо дар ҳолате муваффақ мешавем, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода равона намоем.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Парлумони мамлакат Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид, ки ин санад заминаҳои ташкилию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин солҳои роҳбарӣ бо дарки ин масъала бо ҷавонони мамлакат вохӯрӣ доир намуданд, ки он барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар солҳои баъдӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. Баъди мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол ниҳоди ваколатдори соҳа — Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин ниҳоди давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдан соли 2017 он ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Ин тадбирҳо дар давраҳои баъдӣ низ ҷараён гирифта, доир ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон марҳила ба марҳила барномаю консепсия ва қонунҳои гуногун қабул гардиданд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли навраси солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Аз ин лиҳоз дар раванди ҳассоси вазъи ҷомеа ва ҷаҳони имрӯз бояд ҷавонони мо бо илму тафаккури солими миллиашон дар фазои сиёсӣ ва геосиёсии муосир мавқеи хосса дошта бошанд.
Таҳкими худшиносии миллӣ, иштироки фаъоли ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводи сиёсӣ яке аз мушкилоти мубрами замони муосир мебошад. Ҳарчанд бо шарофати сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар ҳизбҳо, Парлумон, мақомоти иҷроия, судӣ, мақомоти интизомию қудратӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ рӯ ба афзоиш дорад, вале мушкилоти таҳаммулпазирӣ, истифодаи сиёсӣ аз ҳиссиёти ҷавонон, ҳамзамон таъсири шабакаҳои иҷтимоии берунӣ, хатари радикализми динӣ, сиёсӣ ва ифротгароӣ то ҳол боқӣ мондааст.
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ташкили Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ, рӯзҳои ҷавонон ва форумҳои минтақавӣ ба баланд бардоштани ҳувият ва ҳамгироии сиёсӣ мусоидат менамоянд. Афзоиши шумораи ҷавонон дар мақомҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар мақомоти гуногуни давлатӣ намунаи амалӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мешавад.
Дар чанд соли охир бо баргузории барномаҳои давлатӣ дар самти соҳибкорӣ, грантҳои ҷавонон ва инноватсия шароити мусоиди рушди иқтидори иқтисодии ҷавонон фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, “Барномаи давлатии рушди соҳибкории наврасон ва ҷавонон то соли 2027” ва таъсиси марказҳои таълими касбӣ дар минтақаҳо имкони беҳтари шуғл ва худкифоии иқтисодиро муҳайё месозад.
Ҳамзамон фазои иттилоотии озод, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона дар баробари имконияти васеъ ҳамчунин боиси шаклгирии худшиносии сунъӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллӣ ва ватанпарварӣ гардида метавонад. Ҷавонон дар чунин муҳит бояд тавонанд арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгонро бо унсурҳои муосир ҳамоҳанг созанд.
Татбиқи “Барномаи давлатии рушди фарҳанги миллӣ барои солҳои 2021–2025” дар баробари эҳёи анъанаҳо, инчунин ҳифзи сарвати ғайримоддӣ ва иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангиро дар назар дорад. Дастгирии синамои миллӣ, мусиқии суннатӣ ва инкишофи сайёҳӣ бо иштироки ҷавонон метавонад ба рушди ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Дар ин росто бояд илму ҳунар ва сатҳи рақобатпазирии донишҳои муосири ҷавонони мо хеле баланд ва омӯзанда бошад.
Зеро илму дониш дар ҷаҳони муосир ба унсури асосии рушди шахсият, неруи меҳнат ва рақобатпазирии кишварҳо табдил ёфтааст. Пешрафти илму техника, густариши шабакаҳои иттилоотӣ, баромадани зеҳни сунъӣ (AI), инноватсияҳои рақамӣ ва таҳаввулоти ҷаҳонии бозорҳои меҳнат дар самти талаботи нав зарурати таҳсилоти босифат ва татбиқи дониши муосирро беш аз ҳарвақта ба миён мегузоранд.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо суръати назаррас ба сӯи иқтисодиёти рақамӣ, маърифатӣ ва технологияи иттилоотӣ ҳаракат мекунад. Дар ин шароит ҷавонони Тоҷикистон бояд на танҳо донандаи илмҳои асосӣ, балки соҳибмалака дар самтҳои рақамисозӣ, муҳандисӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаҳои нарм (soft skills) бошанд. Таҳлилҳои ахири институтҳои илмӣ-таҳқиқотии сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 65% касбҳое, ки то соли 2035 дар ҷаҳон маъмул хоҳанд шуд, имрӯз ҳанӯз вуҷуд надоранд. Ин воқеият моро водор месозад, ки ҷавононро ба омӯзиши пайваста, таҳсилоти чандсамта ва зеҳни таҳлилӣ водор намоем.
Кумита давоми солҳои охир барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва ҳалли мушкилоти онҳо якчанд иқдомро амалӣ намуд, аз ҷумла:
— «Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ки чорчӯбаи ҳуқуқӣ ва амалии рушди неруи инсонӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад;
— Барномаҳои мақсадноки давлатии рушди иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва маърифатӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои солҳои 2023–2027», ки ба ташаккули худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон равона шудааст;
— Ташкили форумҳои ҷавонон дар сатҳи шаҳр, вилоят, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
— Ташкили рӯзҳои фарҳанг ва эҷодиёти ҷавонон;
— Мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонони муассисаҳои варзишӣ;
— Конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва инноватсионӣ;
— Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Тараннуми Ватан», «Васфи ҷавонӣ», «Ватан- шукуҳат побарҷо», «Донишҷӯи сол» ва дигарон;
— Ташкили маҳфилҳои гуногуни сиёсию илмӣ, ба монанди «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат», «Маҳфили стипендиантони ҷавон», «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», «Маҳфили тоҷикон дар оинаи таърих», «Дипломатони ҷавон», «Роҳбари ҷавон», «Маҳфили ватанпарвар», «Забондони ҷавон», «Мактаби волонтёрон», «Мактаби зиракии сиёсӣ» ва амсоли инҳо, ки ба онҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дохил гардида, малакаҳои роҳбарӣ, иштирок дар сиёсати давлатӣ, иртибот бо ҷомеа ва донишу ҳунару истеъдоди муосири хешро тавсеа медиҳанд.
Дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла ҷудо кардани грантҳо, ташкили марказҳои инноватсионӣ, марказҳои рушди ҷисмонӣ, касбӣ ва мусоидат ба дастрасии таҳсилот ва варзиш ба сифати сутуни асосии сиёсати иҷтимоии мамлакат мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Аз ин лиҳоз дар раванди ҷаҳонгароӣ, ки ҳар миллату давлат мехоҳад пешсафу пешгом бошаду дар тамоми ҷанбаҳо ливои зафар рӯи музаффариятҳояш алвонҷ ёбад, дар ин росто ҷавонони моро ягона роҳи муваффақият ва ноил шудан ба боварию эътимоди Сарвари давлат, ин пеш аз ҳама, хондан, мутолиа кардан, бо илму ҳунару донишҳои иноватсионии муосир мусаллаҳ будан аст. Зеро омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, тавсеа додани донишу таҷриба ва тавлиди идеяҳои наву созанда, тақвият додани ҳувияти миллӣ, ба арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ содиқ будани ҷавонон ва дар ин замина ташаккул додани эҳсоси ватандӯстӣ Тоҷикистонро ба маҷрои нави рушду ташаккул мебарорад, ки ин орзуи ҳар ҷавони ватандӯстдор мебошад.
Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон