35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди 10 муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар соли таҳсили 2025 -2026 муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Айни замон дар деҳаи Сангистони ноҳия сохтмони кӯдакистон ҷараён дорад. Кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дар 4 гурӯҳ кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад.
Инчунин дар деҳаи Хайробод бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохтмони мактаби нав идома дошта, бинои пешинаи мактаб чун кӯдакистон истифода мешавад.
Дар маркази ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бунёд гардида истодааст. Номгузории майдонҳо ба номи фарзандони фарзонаи миллат нишони қадршиносӣ ва пойдории номи неки онҳо мебошад.
Ҳамчунин дар ноҳяи Айнӣ маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад, ки дар он чойхона, коргоҳи истеҳсолӣ ва мактаби варзишӣ фаълият менамоянд. Ин иншоот барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






