35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар 25 иншооти ҷашнии ноҳияи Тоҷикобод корҳои сохтмонӣ идома доранд

Июнь 10, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 64 адади он ба истифода дода шуда, дар 25 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад.

Иншооти ҷашнӣ аз 8 корхонаҳои саноатӣ, 7 муассисаи соҳаи маориф, 14 муассисаи тандурустӣ, фарҳанг 3, варзиш 3, сайёҳӣ 2, кишоварзӣ 5, барқ- 3, 2 хонаҳои истиқоматӣ, 2 бинои маъмурӣ, 7 иқдоми марбут ба таъмири роҳҳо, 45 иншоот ба дигар бахшҳо иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дастгирии пайваста ва рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро самти афзалиятноки фаъолият эълон карда, давоми 34 соли гузашта дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, дар ин давра барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025» амалӣ мешавад, ки дар асоси он татбиқи 196 лоиҳа ба маблағи умумии 139 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд