35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони биноҳои нави таълимию варзишӣ ҷараён дорад

Июнь 15, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 15.06.2025. /АМИТ «Ховра»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Чорсӯи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бомаром ҷараён дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд.

Тазаккур дода шуд, ки дар ноҳия барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, таъмини китобхонаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҷалби мактаббачагон ба китобхонӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Инчунин дар ноҳия сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ҷараён дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад.

Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 15, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд