Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд

Июнь 14, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад.

«Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст. Аксари ҳунармандони имрӯзаи он ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва барандагони барномаи консертӣ, ки 13 июн доир гардид, ҷоизадорони озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд.

Дар барномаи консертӣ асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид.

Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркести давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи Тоҷикистон- Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, Модар, Душанбе ва оҳангҳои композиторони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро карда шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 14, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд