Ба пешвози 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 6 майи соли равон бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» намоиши байналмилалӣ баргузор шуд. Дар он беш аз 40 асари рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер ба маърази тамошо гузошта шуданд. Намоиши асарҳои рассом дар Осорхонаи миллӣ то 5 июни соли равон идома ёфт.
Дар намоиши «Хотира аз Ҳофиз» ду осори санъати ороишӣ-амалӣ: ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои «Китоби болишт» ва «Нон», ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер шефтаи ашъори Ҳофизи Шерозӣ буда, муаллифи силсилаасарҳоест, ки ба фаъолияти ин шоири бузурги тоҷику форс бахшида шудаанд. Ҳунарманди маъруф онҳоро таҳти унвони умумии «Хотира аз Ҳофиз» гирд оварда, қаблан дар оромгоҳи Ҳофиз, Китобхона ва Бойгонии миллӣ дар Шероз, Осорхонаи Имом Алӣ дар Теҳрон ва ҳамчунин дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба намоиш гузоштааст.
Мавриди тазаккур аст, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст. Бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондаанд.
Хотиррасон мешавем, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ ва таҳияи филми мустанадро бахшида ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири тоҷик Ҳофизи Шерозӣ оғоз намуд. Филмнома мавзуъҳои ишқ, некбинӣ, ҳаётдӯстӣ, сабк, шуҳрат, шинохти осори адабии Ҳофиз, таъсири эҷодиёти шоир ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи инсони озодманиш, арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ашъори Ҳофиз, даъвати шоир ба маҳви хурофоту таассуби динӣ, тараннуми дӯстӣ, ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз, нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, хусусан «Шашмақом» ва панди Ҳофиз чун ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавиро фаро гирифтааст.
Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик аст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш бузургтарин шахсиятҳои дунёро ба ваҷҳ овардааст. Пушкин дар пайравии ӯ шеърҳо офаридааст, Гёте ӯро офтоби назми олам номидааст. Вақте дар Олмон Иоҳан Гёттеро «офтоби назм» ном мебаранд, ӯ эътироз мекунад ва мегӯяд: «На, ман Офтоб нестам, Офтоб дар Шарқ тулӯъ мекунад ва он Ҳофизи Шерозӣ аст. Ман танҳо Моҳтобам, ки нурҳои он Офтоби оламгирро мунъакис мекунам…».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид






