Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 24, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба имзо расидани  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, пеш аз ҳама, ба таҳкими амният ва субот замина гузошт ва имкон дод, ки Тоҷикистон бо таҳдидҳои нав, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ мубориза барад ва амнияти марзу буми худро таъмин намояд. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои миллати тоҷик неъмати бузург аст.  Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат соҳаҳои иқтисоди мамлакат,  аз ҷумла соҳаи геология ва кӯҳкорӣ рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид».

Иброз шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва панҷсолаи рушди саноат аз кормандони соҳаи геология талаб мекунад, ки ҳамаи имконияту неруро барои хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузошта сарф намоянд.

«Дар ин давра даҳҳо конҳои нав таҳқиқу ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардид. Онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд»-изҳор шуд зимни ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, аз рӯ бояд дар ақидаи ҷомеа андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машғули меҳнати созанда бошанд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд