Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-фарҳангии кормандони маорифи пойтахт баргузор гардид, ки дар он як қатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар рафти конференсия изҳор шуд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт бояд дар рушду таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллӣ сидқан саҳм гузоранд, зеро маҳз онҳо имкони дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан тарбия намудани насли наврасро доранд.
Иброз гардид, ки омӯзгорон бояд ба насли наврас аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллиро дар таъмини зиндагии орому осуда, бо чӣ қадар мушкилӣ ба даст омадани сулҳу оромиро фаҳмонанд ва онҳоро ба ҳифзи ин арзишҳои миллӣ талқин созанд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон як зумра муаллимони навовару эҷодкор ва дорои натиҷаҳои назаррас бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






