Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ,30.06.2025/АМИТ «Ховар»/. Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки мамлакати Подшоҳии Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳошияи иҷлосияи 145/146-уми Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук, ки дар Брюссел баргузор гардид, ба имзо расонида шуд. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва аз ҷониби мамлакати Подшоҳии Арабистони Саудӣ роҳбари Саридораи закот, андоз ва гумрук Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ ба имзо расониданд.
Ин ҳуҷҷати муҳим оғози марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ифода менамояд ва заминаи ҳуқуқии устуворро барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакати Подшоҳии Арабистони Саудӣ фароҳам месозад.
Тибқи муқаррароти созишнома, ҷонибҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳамкории самаранокро дар самтҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла қочоқ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ба роҳ монанд.
Татбиқи амалии ин санади дуҷониба ба рушди савдои мутақобила, мусоидат ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни ду кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






