Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд.
Тавре директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода иброз дошт, «тайи 28 соли пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки дар натиҷаи хизматҳои шоёну таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланду сулҳпарвари тоҷик ба даст омадааст, Ватани мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардид. Дар ин давра барои сокинони мамлакат шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз тоҷикистониён дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба яке аз ҷашнҳои фархундаи миллӣ -35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ дида, корҳои ободонию созандагиро вусъат мебахшанд».
— Ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ин гуфтаҳои Сарвари давлатро дар ёд дошта, онро дар амали ҳаррӯза сармашқи кори худ намояд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «мо ваҳдати миллиро, дар баробари истиқлоли давлатӣ, як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем. Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад, — хотиррасон намуд Ҳабибулло Назарзода.
Иштирокдорони дигари ҳамоиш оид ба дастовардҳое, ки бо шарофати ваҳдати миллӣ халқи тоҷик ба онҳо ноил гардидаанд, каҳрамониҳои Президенти мамлакат дар роҳи расидан ба сулҳ ибрози андеша намуда, ҳозиринро даъват карданд, ки ҳифзу таҳкими ин арзиши миллӣ вазифаи ҳар яки мост.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






