ДАР ҲАР ЯК ОҲАНГ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ ТОҶИКОН БА ВАТАН ЭҲСОС МЕШУД. Бардошт аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Июнь 9, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории дуҷониба дар ин соҳа мусоидат менамоянд. Инчунин дар доираи ин рӯзҳо, мо бо таъриху фароҳанги гузаштаи якдигар бештар ошно мешавем, ки барои боз ҳам қарин гаштанамон мусоидат менамояд. Ин матлабро Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова зимни маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баён намуд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 1 то 5 июн дар шаҳрҳои Москва ва Қазон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор шуд. Инчунин дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия намоиш таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» доир гардид. Дар он зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ мусаввараҳои расомони тоҷик, ки дар онҳо маконҳои сайёҳии мамлакат тасвир шудаанд, манзури тамошобинон гардид. Ин мусаввараҳо манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз ҷониби тамошобинон ва рассомони рус хуб пазирифта шуд.

Ҳамчунин дар доираи ин рӯзҳо, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки аз рақсу суруд ва оҳангҳои тоҷикӣ иборат буданд. Ҳар як барномаи консертӣ бо кафкӯбиҳои бардавом аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ истиқбол карда мешуд.

Директори Маркази тадқиқоти байналмилалии стратегии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Валентина Комлева иброз намуд, ки «дар ин барнома мероси бойи фарҳангӣ ва гуногунии мадании Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Иштирокдорон ба санъати асили мусиқии тоҷик баҳои баланд доданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дастии бо назокат омодашудаи ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла куртаҳои чакану атлас, болопӯшҳо ва дигар ашёҳои рӯзгордории онҳо аз завқи баланду тахаюлоти бой ва рангини миллати тоҷик дарак медиҳад».

«Баргузори Рӯзҳои фарҳангӣ барои ҳар миллат, пеш аз ҳама ин муаррифи таърих ва фарҳанги кишвараш мебошад. Имрӯз мо тавонистем бо мероси пурғановати миллати тоҷик ошноӣ пайдо намоем. Тоҷикистон дорои таъриху тамаддун, суннатҳо ва расму оини фарҳанги бой мебошад. Дар ин барномаи фарҳангӣ ва намоиши мусаввараҳо тоҷикон тавонистан мероси хешро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Мехостам, ки дар оянда онҳо намоишгоҳи калонтари санъати ороишию амалӣ ташкил намоянд. Ман зуд-зуд ба Тоҷикистон меравам ва медонам, ки дар он ҷо ҳунармандони боистеъдод зиндагӣ ва эҷод мекунанд»,-афзуд Валентина Комлева.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия на танҳо муаррифи фарҳанг, балки ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ замина гузошт. Таввасути асарҳои рассомон диққати меҳмонон ва сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат бештар ҷалб гардид.

Роҳбари магистратураи самти таҳсилоти «Минтақашиносии хориҷӣ»-и Донишгоҳи Сазмони ҳамкори Шанхай дар Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия Алла Вайман иброз намуд, ки «барномаи фарҳангии устодони ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Паёми дӯстӣ», ки 2 июн дар Театри давлатии академии Русия баргузор шуд, дар ҳақиқат маро ба ҳайрат овард. Ин барномаи фарҳангӣ шаҳодати дорои фарҳанги беназиру қадима будани миллати тоҷик ва истеъдоду самимияти онҳо буд. Либосҳои ҳунармандон бо зебоӣ, назокат ва шинамӣ таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ҷалб намуд. Ҳар як либос як асари ҳунарӣ буд, ки бо маҳорати баланд ва фарҳанги миллӣ оро ёфта, таърих ва хусусияти мардуми тоҷикиро инъикос мекард».

Алла Вайман афзуд, ки «дар ҳар як нота, дар ҳар як калима ва рақс ишқи беандозаи тоҷикон, муҳаббати самимии онҳо ба Ватан эҳсос мешуд. Ҳунармандон тавонистанд дар ин барномаи фарҳангӣ мероси фарҳангии худро дар сатҳи баланд муаррифӣ намоянд».

Дар воқеъ, барномаи фарҳангӣ дар замири ҳар як иштирокчӣ эҳсоси гарм бедор намуда, меҳмонони хориҷиро ба сайри таърихии миллати тоҷик бурд. Андеша ва афкори ҳар як иштирокчии чорабинӣ вобаста ба таърих ва фарҳанги миллати тоҷик пас аз тамошои чорабинӣ дигар шуд. Пешниҳод гардид, ки чунин чорабиниҳо дар толорҳои фарҳангии дигар минтақаҳои Русия ташкил карда шаванд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст