Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Австрия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даъват намудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат мебошанд, ҳамчунин тоҷикони бурунмарзӣ (новобаста аз шаҳрванди кадом давлат будан) метавонанд иштирок намоянд. Забони баргузорӣ ва баромад дар озмун тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошад.
Барои иштирок дар озмун, шахсони хоҳишманд метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, расм ва ҷузвдони номгӯи асарҳои хондашуда ва ғазалу дигар навъҳои шеърии азхудкардаи худро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ тавассути суроғаи электронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия то 1 июли соли 2025 ирсол намоянд: info@tajikembassy.at ва tajembvienna@mfa.tj.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






