Дар Бохтар майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бозсозӣ мешавад
БОХТАР, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Бохтар бозсозӣ мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҷойгир буда, солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, дар он ҷойҳои нишаст бо тарҳи замонавӣ, инфрасохтори равшанидиҳии шабона, фаввораҳои зебо, пайроҳаҳои сафолакпӯш ва корҳои сабзазоркунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз бозсозӣ дар арафаи таҷли Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






