Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Зеро дар ҷаҳони имрӯза рақобатҳои геополитикӣ байни давлатҳо афзуда, барои ба ҳадафҳои худ расидан аз ҷангҳои равонию иттилоотӣ бештар истифода мебаранд. Чунин иброз гардид дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Вазъият ва дурнамои амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.
«Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои иттилооти зиёд ворид шуда, коркард мегардад, ки аксари он ғалат (фейк) мебошанд. Шабакаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба ҷои густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ ворид шуда, вазъи давлатҳо ва ҷомеаҳоро ноором месозанд»,-изҳор гардид дар конфронс.
Инчунин иштирокчиёни конфронс масъалаҳои амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тавсеаи набардҳои геополетикӣ, ва масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






