Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конфронси илмӣ-назариявӣ донишмандон, коршиносон, муҳаққиқон ва шоирону нависандагон доир ба пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими он, шоҳкориҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва дигар дастовардҳои мамлакат дар 28 соли мавҷудияти ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «имрӯзҳо, вақте ки субот дар мамлакат пойдор аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба халқу Ватан аст».
Дар фарҷоми конфронс ба устодон ва донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва дигар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд, бо «Ифтхорнома» ва «Сипоснома»-ҳои донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






