Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ ва технологияҳои амалӣ дар Форуми сеюми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ — техникӣ, ки дар «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Коргоҳи Лубан»-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир шуд, баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиёни форум вобаста ба татбиқи таҳсилоти дуалӣ, ки дар он таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ҳамзамон ҷараён мегиранд, табодули назар намуданд. Инчунин зарурати такмили дарсҳои озмоишӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои интерактивӣ оид ба тағйироти рақамӣ таъкид шуд.
Дар доираи форум бо мақсади тақвияти робитаи илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва ташкили дарсҳои озмоишӣ дар соҳаи таҳсилоти муҳандисӣ вохӯриҳо ва муҳокимаҳои судманд баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ соли 2023 Форуми якуми Тоҷикистону Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ дар шаҳри Душанбе ва форуми дуюм соли 2024 дар шаҳри Тянҷин бо ҷалби коршиносони ду ҷониб баргузор гардид.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






