Вобаста ба омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе конфронс доир гардид

Июнь 3, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Институтҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он нақши институти маориф дар таҳкими сармояи инсонӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ба масъалаи сармояи инсонӣ аҳаммияти хосса зоҳир намуда, онро ҳамчун омили калидӣ барои рушди устувори мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ба андешаи муовини якум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нақшавӣ ва дастовардҳои назаррас сармояи инсонӣ, ки боарзиштарин дороӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад, нақши бориз дорад.

«Насли соҳибсаводу бомаҳорат, дорои касби муосиру малакаи кордонӣ дар ҳар давру замон ва шароит на танҳо барои сохтани шароити шоистаи зиндагӣ барои худу атрофиён, балки барои пешрафту суботи давлат ва ҷомеа манфиатовар аст. Агар сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ аз ҷониби давлат ва волидайн мақсаднок амалӣ гардад, онгоҳ бо доштани неруи ақлонию зеҳнӣ ва мутахассисони соҳибкасбу бомаҳорат рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъмин мегардад. Табиист, ки таъмини суботи давлату ҷомеа низ ба таври шоиста имконпазир мегардад»,-изҳор намуд ӯ.

Иброз гардид, ки маориф аз ҷониби Сарвари давлат соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пазируфта шуда, ҳадафи асосии он таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар мамлакат мебошад. Зеро, таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳимми сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд.

Маориф як бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб ёфта, рушди он имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониш, салоҳият ва малакаҳои зарурии касбиро пайдо намоянд, ки ин барои рушди устувори ҷомеа хеле муҳим аст. Ҳар қадаре, ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ беҳтар бошад, ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло рафта, дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдураҳмон Қурбонов, муассисаҳои томактабӣ, ҳамчун зинаи аввали низоми таълим дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим дошта, барои кӯдакон заминаи асосиро ҷиҳати соҳиб шудан ба донишу маҳорати аввалия фароҳам месозанд. «Сармояи инсонӣ, ки асосан аз донишу малака ва қобилиятҳои шахсӣ иборат мебошанд, дар асоси таълиму тарбияи томактабӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба ин соҳа на танҳо ба рушди сармояи инсонии шахси алоҳида, балки ба пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, сармояи инсонӣ ба таври мустақим бо муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ алоқамандии зич дорад. Муассисаҳои томактабӣ ба рушди қобилиятҳо ва малакаҳои кӯдакон мусоидат намуда, дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ оварда мерасонад»,-изҳор дошт Абдураҳмон Қурбонов.

Бояд ёдовар шуд, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шудааст. Яъне, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Абдураҳмон Қурбонов изҳор медорад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз пояҳои асосии низоми маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, онҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Ин муассисаҳо на танҳо дониши ибтидоӣ ва миёнаи касбиро фароҳам меоранд, балки барои тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар, кордону болаёқат ва масъулиятшинос саҳми назаррас мегузоранд.

«Таҳсилоти олии касбӣ зинаи баландтарини низоми маорифи мамлакат буда, он дар рушди сармояи инсонӣ нақши босазо дорад. Зинаи мазкури таҳсилот ба рушди дониш, салоҳият, малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии шахс мусоидат намуда, мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ рақобатпазирро омода мекунад. Умуман, соҳаи маориф як механизм барои эҷоди сармояи инсонӣ мебошад, ки тавассути он одамон метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ ва наслҳои оянда фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои зиндагии шоиста ва арзанда боз месозад»,-гуфт ӯ.

Таъкид гардид, ки сармояи инсонӣ омили калидии рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳкими ин соҳа пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Ин равиш барои рушди устувори мамлакат, таҳкими амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд