Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар басти аввали Маркази солимгардонии Суғд 230 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Дар Маркази солимгардонӣ кӯдакон дар баробари фароғат ба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин макон истироҳаткунандагон рӯҳан обутоб ёфта, дӯстони нав пайдо менамоянд ва дар соли нави таҳсил бо неруи дучанд ба омӯзиши илму фан шуруъ менамоянд.
Ҳамасола дар мавсими тобистон ва таътили тобистонаи мактаббачагон барои истироҳату фароғати наврасон Маркази солимгардонии Суғд фаъол мегардад.
Ба иттилои масъулин, дар баробари машғулиятҳои зеҳнӣ хонандагон ҳамчунин ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ машғул мешаванд, ки ин баҳри хубу гуворо гузаронидани мавсими истироҳат ба хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






