Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд

Июнь 12, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади  беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи хонандагон  дар деҳаи Роҳатии Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар назди муассисаи таълимӣ   бинои иловагӣ  сохта,  ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Роҳатӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  ва бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ  бунёд мегардад.

Бунёди ин ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ нишонаи дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар  соҳаи маориф ва талошҳо баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин дар деҳаи Доваи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, дар   назди Муассисаи таълимии рақами 110 сохтмони бинои иловагӣ оғоз гардид, ки баъди  ба истифода додани  он  мушкилоти норасоии ҷойи нишасти муассиса бартараф мегардад.

Бояд афзуд, ки барои рушди дилхоҳ давлат  маориф соҳаи калидӣ маҳсуб мешавад. Ин соҳа заминаи асосию боэътимоди давлат барои инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Аз ин рӯ, дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Аз ин ҷост, ки  илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Июнь 12, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд