Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ховалинг имсол дар 615 гектар картошка кишт менамоянд. Дар ин минтақа кишти картошка то нимаи моҳи июн гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иттилоъ доданд.
Ҳайати кории Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, бо вазъи риояи қоидаҳои агротехникаи парвариши ниҳолҳо ва рафти кишти картошка шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ аъзои гурӯҳи корӣ ба кишоварзони ноҳия оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдода дар парвариши ниҳолҳо ва зироат, ҳамчунин доир ба роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровон тавсияҳои муфид доданд.
Дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба иқлими минтақа парвариши картошка аз моҳи март оғоз гардида, то 15 июн идома меёбад. Як мушкилоти кишоварзон – ин кам будани заминҳои корами обӣ мебошад.
Дар ноҳияи Ховалинг беш аз 500 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ дар баъзе минтақаҳо картошкаро барвақтар мешинонанд.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин, имсол кишоварзон дар байни дарахтон дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






