Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳосили тарбуз фаровон аст
ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар 13 ҳазору 375 гектар замини корам парвариши сабзавот ва дигар намуди зироатро ба роҳ мондаанд. Айни замон дар ноҳия хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошкаю пиёз, полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва дигар намуди маҳсулот машғул мебошанд. Деҳқонони ноҳия аз фаровонии ҳосили тарбуз хабар доданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол аввалин шуда дар ноҳия тарбузи барвақтӣ ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолии мамлакат ба фурӯш бароварда шуд.
Сокини Ҷамоати деҳоти Чӯбек Хоксор Ҷумахонов имсол дар 25 гектар замин навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ парвариш намудааст. Аз ҷумла, ӯ дар заминҳои хоҷагиаш тарбузи барвақтӣ, гандум, пахта ва дигар сабзавот кишт кардааст.
Айни замон корҳои нармкунии байни қаторҳои пахта ва таъмини нуриҳои минералӣ ҷарён дорад. Иброз гардид, ки бо истифода аз тухмии хушсифат нашъунамои пахта дар ҳолат хуб қарор дорад.
Дар ноҳия таваҷҷуҳи асосӣ ба кишти такрорӣ нигаронида шудааст ва дар майдонҳои холишуда сабзавоту полезӣ ва маккаи дон парвариш гардида истодаанд. Инчунин таваҷҷуҳи хоҷагидорон ба истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ низ равона шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






