Дар Норак бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак аз ҷониби сокини маҳаллӣ Абдурозиқ Ҳакимов бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ павариш меёбад, ки дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар самти инноватсионӣ, хоҷагии гулмоҳипарварии шаҳрванд соли 2021 бо истифодаи қафасҳои сунъӣ дар масоҳати 2,5 садяк бунёд гардидааст.
Аз ҷониби ин хоҷагӣ солҳои 2023–2024 41 тонна ва дар 5 моҳи соли равон беш аз 10 тонна гулмоҳӣ истеҳсол шудааст. Айни замон дар хоҷагии мазкур 65 ҳазор дона моҳича парвариш меёбад. Нишондиҳандаи истеҳсоли моҳӣ то охири сол ба 35 тонна хоҳад расид.
Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазиз мебошад. Таҷрибаи Абдурозиқ Ҳакимов нишон дод, ки парвариши онро бо истифодаи қафасхои сунъӣ ба роҳ мондан мумкин аст.
Гулмоҳии рангин солҳои 80-уми асри 20 ба шароити обанбори Норак мутобиқ карда шудааст. Онро дар корхонаҳои гулмоҳипарварии Кофарниҳон низ мепарваранд. Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети мамлакат даромади калон меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






