Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд соли равон беш аз 75 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Бо ин мақсад 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 741 рӯзонаи наздимактабӣ, 103 истироҳатию меҳнатӣ ва 102 варзишию беҳдоштӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бо фаро расидани мавсими гармӣ ва оғози таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои истироҳату фароғати хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имсол низ садҳо истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ фаъол гардида, ҳазорҳо нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат ҷалб карда мешаванд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин кӯдакони ятиму бепарастор, хонандагони аълохон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои сатҳи маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо роҳхатҳои ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Яке аз калонтарин марказҳои истироҳатию солимгардонии вилояти Суғд, ин лагери «20-солагии Истиқлолият» мебошад. Истироҳатгоҳ дорои 6 бинои хобу фароғат, ошхона, толори кино, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, майдончаҳои варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ буда, имкони дар як баст қабул намудани то 360 нафар хонандаро дорад.
Айни замон дар лагер беш аз 10 мураббӣ бо наврасон кор бурда, 15 маҳфили гуногун — аз қабили рассомӣ, китобхонӣ, забономӯзӣ, компютер, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ғайра фаъолият доранд. Хонандагон тибқи шавқу завқи худ ба ин ё он маҳфил ҷалб шуда, дар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва зеҳнӣ иштирок мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






