Душанбе бо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар харитаи иқлими ҷаҳонӣ ҷой гирифт
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 31 майи соли 2025 шаҳри Душанбе бо ташаббуси навбатии ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони рӯйдоди муҳим — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид. Он чӣ дар аввал ба назар як ҳамоиши мавзуии дигар менамуд, дар асл ба минбари ҷаҳонии муколама ва амал табдил ёфт, ки на танҳо як масоили техникӣ, балки ояндаи ҳаёти инсон дар заминро баррасӣ намуд.
Мавзуи пиряхҳо, ки солҳои тӯлонӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаи иқлим буд, тавассути ин конфронс вориди сатҳи сиёсати байналмилалӣ гардид. Дар муддати се рӯз шаҳри Душанбе шоҳиди табодули назарҳо, таҷрибаи илмӣ ва дипломатияи об гашт, ки бо иштироки беш аз 2600 коршиносу намояндагони ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳо аз 90 кишвар, ба як конфронси бесобиқа табдил ёфт.
Сухан дар бораи як мушкилоти глобалӣ — обшавии босуръати пиряхҳо — меравад, ки имрӯз ба таъмини захираҳои об, тавозуни экосистемаҳо ва амнияти озуқавории миллиардҳо инсон таъсири амиқ мерасонад. Пиряхҳо танҳо омори обу ҳаво нестанд — онҳо шиносномаи иқлимии инсоният мебошанд ва бо нест шудани онҳо, на танҳо як қисми табиат, балки як бахши фарҳанг ва ҳаёти башар зери хатар қарор мегирад.
Натиҷаҳои конфронс бо қабули ду санади муҳим – Эъломияи Душанбе ва Даъвати Душанбе – на танҳо тасдиқи сиёсати фаъоли Тоҷикистон дар самти обу иқлим, балки даъвате ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан аз гуфтор ба амал мебошад. Дар ин санадҳо зарурати тадбирҳои фаврӣ, ҳамоҳангии сиёсати иқлимии кишварҳо ва таъсиси механизмҳои устувори молиявию институтсионалӣ таъкид гардидааст.
Душанбе бо ин ҳамоиш ба ҷаҳониён нишон дод, ки пойтахти як кишвари кӯҳистонӣ метавонад ба маркази ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии иқлим табдил ёбад. Зеро Тоҷикистон, ҳамчун кишваре, ки худаш аз обшавии пиряхҳо сахт таъсир мебинад, ҳаққи одӣ ва маънавӣ дорад, ки дар баррасии ин мавзуъ садои пурвазн дошта бошад.
Муҳимтар аз ҳама, конфронс як рукни муҳими ҳамгироии илм, сиёсат ва ҷомеа гардид. Ҷаласаву форумҳои сершумор, ки дар доираи он баргузор гардиданд, на танҳо майдони мубодилаи таҷриба, балки замина барои ташкили шабакаҳои нави ҳамкорӣ гардиданд. Баробари ин, ҷалби беш аз 450 намояндаи расонаҳо аз дохил ва хориҷ, инъикоси густардаи ҳамоишро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намуд ва мавзуи пиряхҳоро ба сари суфраи баҳси оммавӣ баргардонд.
Бо ин иқдом, Тоҷикистон дар ҳассостарин масоили асри XXI, аз ҷумла обу иқлим ва устувории зиндагӣ, на танҳо ҷонибдори амал, балки ҳамчун ташаббускори роҳҳал ва ҳамоҳангсози талошҳо баромад намуд. Ва маҳз ҳамин гуна пешвоӣ имрӯз ба ҷаҳони ноором ва тағйирёбандаи мо бештар аз ҳарвақта лозим аст.
Саймаҳмуд ГУЛЗОДА,
Муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид






