Элиза Фернандес: «Маротибаи сеюм аст ба Тоҷикистон меоям, ҳар дафъа бештар ошиқи ин сарзамини кӯҳҳои баланд мешавам»

Июнь 6, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нақши занон дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бисёр  муҳим аст. Зеро занон аз таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус обшавии пиряхҳо ба таври номутаносиб осеб мебинанд. Онҳо  бояд дар муҳокимаҳои иқлимӣ дар сатҳи ҷомеа, дар қабули қарорҳои миллӣ, дар парлумонҳо ва ташаккули сиёсатҳо ва барномаҳое, ки ба ин мушкилот марбут ҳастанд,  ҷалб карда шаванд.   Чунин иброз дошт муовини Директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Элиза Фернандес.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  Элиза Фернандес зимни баргузории Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», ки   29 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май)  дар Китобхонаи миллии  Тоҷикистон доир гардид, ҳамсуҳбат шуд.

           «Мо дар конфронс на танҳо дар бораи нақши муҳими занон дар ҳифзи пиряхҳо суҳбат кардем, балки дар мавриди талоши онҳо  дар идоракунии об низ ибрози андеша намудем. Дар ин самт чандин пешниҳодҳои муҳим ҳам намудем, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи мо мусоидат менамояд»,- афзуд Элиза Фернандес.

Элиза Фернандес таассуроти сафарашро иброз дошта, гуфт, ки  маротибаи сеюм аст ба Тоҷикистон меояд ва ҳар даъфа бештар дилбастаи табиати нотакрори Тоҷикистон, бахусус кӯҳҳо сар ба афлокаш мегардад.

«Дар сарзамини тоҷикон ба ман ҳама чиз, шуруъ аз  хӯрокҳо ва либосҳои  миллӣ,  мусиқии тоҷикӣ бо рақсҳои бисёр мавзуну зебои гулдухтарони чаканпӯшаш то боғҳои гулпӯшу атрогинаш  писанд омад.  Таҳти навои  мусиқии тоҷикӣ  рақс ҳам кардем, ки  хотирамро болида гардонд. Меҳмондории мардуми тоҷик, урфу одат ва табибати зебои сарзамини шумо касро водор месозад,  ба Тоҷикистон боз биёӣ»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 майи соли равон дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки он ҳамчун як платформаи калидии ҳамкории байналмилалӣ оид ба устувории иқлим ва идоракунии устувори об хизмат мекунад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд