Гулҳои мавсимии парваришнамудаи корхонаи «Шаҳри зебои мо» кӯчаю хиёбонҳои Норакро ороиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳри зебои мо» дар шаҳри Норак дар 12,23 гектар гармхона бунёд намудааст, ки дар он барои зебоии кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо ва саҳни бинои идораву ташкилот гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд. Як қисми ин гармхона барои парвариши сабзавот ҷудо гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар марҳилаи аввали фаъолияти гармхона корҳои таҷдид дар 1 гектар пурра анҷом ёфтааст. Кишоварзон аллакай дар ин ҷо ба нигоҳубини гулҳои мавсимӣ оғоз намудаанд. Дар 2 гектари дигар корҳои навсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то моҳи сентябри соли равон ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин дар шаҳри Норак Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғи анор» дар 124 гектар фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 10 навъи анор парвариш меёбад.
Айни замон дар 11 гектар бо сабаби хушкшавии ниҳолҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд. Кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳоро амалӣ намуданд.
Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо анори ватанӣ, инчунин он ба содирот нигаронида шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






