Хоруғ – шаҳре, ки аз самари Ваҳдати миллӣ ҳар рӯзу ҳар соат шукуфонтар мешавад

Июнь 12, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ сохтмони 326 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 295 адади он ба истифода дода шудааст. Дар 24 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода хабар дод.

Ба иттилои Райҳонбегим Мавлобахшзода, дар шаҳри Хоруғ 90,5 фоизи нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ иҷро гардид. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон, 43 иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020 – 2025» амалӣ мешавад, ки дар асоси он татбиқи 45 лоиҳа ба маблағи умумии 1046,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020 – 2025», 3 лоиҳа ба соҳаи саноат, 1 лоиҳаи кишоварзӣ, 10 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, 5 лоиҳаи меъморӣ ва сохтмон, 5 лоиҳа ба соҳаи маориф, 1 лоиҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, 1 лоиҳа ба соҳаи фарҳанг, 8 лоиҳаи варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, 2 лоиҳа ба хоҷагии манзилию коммуналӣ, 2 лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва масъалаҳои корезӣ, 1 лоиҳаи роҳу нақлиёт, 5 лоиҳа ба таъмини барқ ва 1 лоиҳа ба ҳифзи муҳити зист рост меояд.

Шаҳри Хоруғ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери назари хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақаи низ бо ҳидоятҳои неки Сарвари давлат корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо намуданд.

Биноҳои баландошёна, мактабу муассисаҳои тиббии муосир, роҳҳои мумфарш, нақлиёти муосири мусофирбар, толорҳои барҳавои варзишӣ, кӯчаву хиёбонҳои гулпӯш, сарсабзии ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ, марказҳои маъмуриву фарҳангӣ ва иқтисодӣ симои шаҳри Хоруғро ба таври шинохтанашаванда дигаргун намуда, дар муқоиса ба чанд соли пеш даҳчанд маротиба зебову озода гардонидааст.

Бо мақсади ҳамеша гулпӯш гардидани кӯчаву хиёбон, гулгашту боғҳо, мавзеъҳои назди бинои идораю муассисаҳо дар шаҳри Хоруғ гармхонаи муосир бунёд гардидааст, ки ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ машғул аст. Гармхона дар ҳамкорӣ бо Институти биологии Помир ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бунёд гардидааст.

Дар ин корхона зиёда аз 10 ҳазор кӯчати гул бо фарогирии 4 намуди гули патунӣ, 2 намуди гули салваи сафед ва сурх, гули лола ва 1,5 ҳазор бех садбаргҳои ороишӣ парвариш карда мешаванд. Дар гармхона гулкорон 2 намуди хок, доруҳои махсус барои сабзиши тухмиҳои гулҳои яксола ва пору истифода мебаранд, ки ин ба хубтар нашъунамо ёфтани гулҳо мусоидат менамояд.

Айни замон дар шаҳри Хоруғ корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони иншоот бо маром идома дошта, масъулин ва сокинон кӯшиш доранд, ки 28 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд