КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Имрӯз дар Сафеддара «Eco-Run For Glacier» доир мешавад

Июнь 1, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо имрӯз, 1 июн дар Маҷмааи лижаронии Сафеддара «Eco-Run For Glacier»/«Эко-пойга барои пиряхҳо»/ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи конфронс.

Ҳадафи пойгаи экологӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки барои захираҳои обии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа аҳамияти хосса доранд.

Дар мусобиқа меҳмони махсус: Каролин Глайх- фаъоли машҳури иқлим ва лижарони касбӣ дар ҷаҳон иштирок менамояд. Мусобиқа дар мавзеъҳои зебоманзари Сафеддара, воқеъ дар километри 50-уми Душанбе, дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр гузаронида мешавад. Иштирокчиёни мусобиқаро ҳавои тозаи кӯҳсор, нурҳои дурахшони Офтоб ва манзараҳои дилфиреби табиати кӯҳистони Тоҷикистон интизоранд.

Мусобиқа дар чунин марҳилаҳо гузаронида мешавад:

Challenge Mountain — 5 км: масир бо баландшавӣ аз 2200 метр то 2900 метр.

Экиден (эстафета) — 5 км: даста иборат аз 4 нафар, ки ба ҳар кадоми онҳо 1250-метрӣ рост меояд.

Масири яхбандӣ — 1600 метр: масири ҳамвор дар баландии 2200 метр. Чорабинӣ 7-8 соат давом намуда, аз оғоз, маросими ҷоизасупорӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ дар ҳавои тоза иборат мебошад. Мусобиқа барои ҳама кушода аст, аммо иштирокчиён бояд дар ҳолати хуби ҷисмонӣ бошанд ва пеш аз баргузории чорабинӣ дар бораи масъулияти шахсӣ санад имзо намоянд.

Макони вохӯрии иштирокчиёни «Eco-Run For Glacier»- пойгаи экологӣ барои пирях 1 июн, соати 07:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шудааст.

Созмондиҳандагон таъкид менамоянд, ки баргузории пойга дар чаҳорчӯби конфронс аҳамияти муҳими рамзӣ дошта, ба муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон нигаронида шудааст.

АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Июнь 1, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Мушоҳидаи аэровизуалӣ ва георадарии ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои кӯҳии Тоҷикистон гузаронида шуд
Дар Ню-Йорк масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Дар Ню-Йорк аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси сатҳи баланд баргузор намуд
Санадҳои ниҳоии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо интишор гардиданд
Бо ташаббуси Тоҷикистон Қатъномаи нави СММ оид ба ҳамкорӣ бо ИДМ қабул гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ. Нақши он дар беҳтарнамоии сифати таҳсил бунёдӣ аст
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат менамоянд