Масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта дар ҷаласаи Шурои комплаенс баррасӣ гардиданд

Июнь 24, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои мубрами марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта, хусусан пешгирии амалиётҳои ғайриқонунӣ дар низоми бонкӣ ва тақвияти ҳамкорӣ байни бахшҳои молиявӣ ва сохторҳои назоратӣ муҳокима гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдоштаро муҳокима намуданд.

Дар ҷаласа истифодабарии ғайриқонунии суратҳисобҳо ва кортҳои бонкӣ аз ҷониби шахсони сеюм (дропперҳо) мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурзӯр намудани мониторинги амалиётҳои шубҳанок ва татбиқи технологияҳои муосир дар низомҳои назоратии ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъкид гардид.

Дар идома аз ҷониби кормандони департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон рӯнамоҳо оид ба тағйироти ҷорӣ дар «Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардонидани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд», инчунин «Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд» ба иштирокдорон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин таҷрибаи амалии бонкҳо, аз ҷумла, «Амонатбонк», «Спитаменбонк», «Душанбе Сити Бонк», «Алиф Бонк» ва «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии кортҳо ва суратҳисобҳо аз ҷониби шахсони сеюм пешниҳод гардид. Дар анҷоми ҷаласа иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта, инчунин беҳтарсозии ҳамоҳангии сохторҳо ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда пешниҳодҳо манзур намуданд.

Шурои комплаенс як мақоми машваратӣ буда, ҳамчун гурӯҳи корӣ дар назди Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО амал мекунад ва ба он ҳисобот медиҳад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон.

 

Эзоҳ: Compliance -як системаи чораҳо ва расмиётест, ки ба таъмини риояи қонунҳо, муқаррарот, қоидаҳои дохилӣ ва стандартҳои ахлоқӣ нигаронида шудааст. Ба ибораи дигар, ин таъмини мутобиқати фаъолияти ташкилот ба талаботи муқарраршуда бо мақсади пешгирии хатарҳои марбут ба қонуншиканиҳо мебошад.

Июнь 24, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд