Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати 100- нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва собиқадорону занони фаъол дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур бо сарбозон, занону духтарон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» 16 июн дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва 17 июн дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун дар қисмҳои низомӣ бо сарбозону афсарон, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» вохӯрӣ намуданд.
Ҳайати корвон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакатро тамошо карданд.
Ҳамчунин дар деҳаҳои ин шаҳру ноҳияҳо бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» бо занону духтарон суҳбат намуда, бо рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои дастии онҳо шинос гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки 20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳайати 100 -нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ин конфронси ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Моҳинави НАРВӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






