Муовини Сарвазир бо рафти кишти картошка дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт шинос гардид

Июнь 12, 2025 09:27

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафар ба ноҳияи Рашт бо рафти кишти картошка дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак шинос гардид.

Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар бахши кишоварзии ноҳия то имрӯз 1699 гектар ғалладона, 366 гектар зиротаи техникӣ, 251 гектар сабзавот ва 1637 гектар картошка кишт шуда, дар майдони 9,5 гектар боғи нав бунёд гардидааст.

Ҳоло дар ноҳия барои деҳқонон тамоми имкониятҳо, аз ҷумла захираи тухми картошка ва нуриҳои минералӣ фароҳам оварда шуда, барои шудгор кардани заминҳо техникаҳо сафарбар гардидаанд.

Инчунин сокинони ноҳия низ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигиашон нақшаи кишти тамоми маҳсулоти кишоварзиро ба пуррагӣ иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ мебошанд.

Кишоварзони ноҳияи Рашт аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида майдони картошказорро вусъат бахшида, дар таъмин амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 12, 2025 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад