Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуданд

Июнь 23, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18-21 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петурбурги Федератсияи Русия Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2025) баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон, донишмандону олимон ва иқтисодчиён аз 144 кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

18 июн дар доираи форуми мазкур  дар мавзуи  «Моликияти зеҳнӣ дар сохтори иқтисоди инноватсионӣ» ҷаласаи  пленарӣ  баргузор шуд, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок  намуд.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат моликияти зеҳнӣ дар бахши соҳибкорӣ мавқеи худро баланд бардошта, самти татбиқи натиҷаҳои корҳои эҷодӣ ва истифодаи брендҳову рақамикунонӣ ба сатҳи нав баромаданд, ки ин рушди иқтисоди инноватсиониро таъмин карда истодааст.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ,  20 июн дар ҷаласаи пленарии форуми мазкур Президенти Федератсияи Русия Влидимир Путин иштирок ва  дар назди ҳозирину намояндагони воситаҳои ахбори омма суханронӣ намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд