«ОФТОБИ НАЗМИ ОЛАМ». Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки рисолати Агентӣ назорат, ҳифзу нигаҳдорӣ, пажуҳиш, кашф, бо самар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум, тармиму барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифӣ намудани дастовардҳои таъриху фарҳанги гузаштаю имрӯза ва фарзандони фарзонаи миллати тамаддунофари тоҷик ба шумор меравад.
Таъкид карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, ҷиҳати муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд.
Ин ташаббус боз як марҳалаи навест дар шинохти бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таърихи бой ва фарҳанги қадима дар сатҳи байналмилалӣ. Дастгирии мероси таърихии шахсиятҳои бузурги миллӣ, на танҳо як амали рамзӣ, балки далели рӯшан аз арҷгузории роҳбарияти олии мамлакат ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад.
Зимни ҳамоиш муҳаққиқон ёдовар шудаанд, ки Пушкин дар пайравии Ҳофизи Шерозӣ шеърҳо офаридааст, Гёте ӯро офтоби назми олам номидааст. Вақте дар Олмон Иоҳан Гётеро «Офтоби назм» ном мебаранд, ӯ эътироз менамояд ва мегӯяд: «На, ман Офтоб нестам, Офтоб дар Шарқ тулӯъ намудааст ва он Ҳофизи Шерозӣ аст. Ман моҳтобам, ки нурҳои он Офтоби олмгирро мунақис мекунам…»
Иоҳан Гёте – бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири асри XIX – и немис андешаҳои хешро доир ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ – шоири тавоно ва илҳомбахш навиштааст.
Ёдовар мешаваем, ки соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО, 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб дар тамоми ҷаҳон ин рӯз «Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ» эълон гардидааст.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






