«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таълимии гимназияи №-2 – и шаҳри Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрии «Парасту» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Дар истироҳатгоҳи шаҳрии «Парасту» барои фароғати хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи нақшаи рӯз, истироҳати хонандагон аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муайяни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқоварро дар бар мегирад. Дар баробари ин, бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил гардидааст, ки хонандагон дар ин ҷо метавонанд малакаи худро тақвият бахшанд.
Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати маводи хӯрокворӣ ва талаботи дигари мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.
Бо мақсади таъмини амнияти ҷонӣ, солимии равонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии истироҳаткунандагон, мураббиёни гурӯҳҳои истироҳатӣ пайваста машғулиятҳои тарғиботию омӯзиширо мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






