Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 27, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хуштарҳ ва замонавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бунёд гардида, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад.

Бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 150 ҳуҷраи корӣ барои 300 нафар, толори маҷлис барои 400 нафар ва толори хурди маҷлисӣ мебошад.

Бино, инчунин, бо тамоми инфрасохтор аз қабили системаи гармидиҳӣ дар фасли зимистон, таваққуфгоҳ, зеристгоҳи барқӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмин буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.

Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудааст. Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз гранит, тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва ороиши миллию ҷаҳонӣ зиннат дода шудааст.

Барои зебу зиннати дохили бино аз кандакориҳои рӯи гаҷ, панелҳо аз навъи чубҳои қимматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ дар пешоруйи 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз бинои нав зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вазифадоранд, ки дар татбиқи ҳадафҳои неки ҳукумати мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешбурди корҳои созандагиву ободонӣ саҳми беш аз пеш гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти ниёзи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба бинои замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 барои оғози бунёди он санги асос гузошта буданд.

Бинои пештараи мақомоти шаҳр дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур ба талаботи фаъолияти корӣ чандон ҷавобгӯ набуд.

Қомат афрохтани бинои наву замонавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар яке аз кӯчаҳои марказию маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ороиши бештари шаҳри Хоруғ мусоидат кардааст.

Ифтитоҳи Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон