Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд

Июнь 27, 2025 11:54

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ҶДММ Неъматҳои Помир ва обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помирро ифтитоҳ намуданд.

Коргоҳи технологии Неъматҳои Помир, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб истеҳсол мекунад, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он то 3 тонна маҳсулоти гӯштӣ дар як шабонарӯз мебошад.

Дар коргоҳ зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва шароити мусоиди корӣ таъмин гардидааст.

Навъҳои гуногуни ҳасиб ва маҳсулоти гӯштии ин корхона тибқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия шуда, ба бозори дохилӣ ва дар оянда ба содирот равона мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳоро барои рушди саноати хӯрокворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба фаъолияти корхона баҳои баланд доданд.

Корхонаи истеҳсоли обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помир бо ҷалби сармояи дохилӣ ва истифодаи технологияи муосири тавлидоти саноатӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 3 ҳазор шиша оби нӯшокии табииро дар бар мегирад.

Истеҳсоли маҳсулот бо сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, сурат мегирад ва ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона карда мешавад.

Корхонаи Нарзани Помир, ки самти асосии фаъолияташ истеҳсоли намудҳои гуногуни обҳои ташнашикан аст, дар доираи Стратегияи миллии рушди саноати Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо ҳадафи коркарди неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла обҳои шифобахш, таъсис ёфтааст.

Дар заминаи оби маъдании дорои хусусиятҳои табобатии худ, истеҳсоли оби нӯшокӣ ва дигар маҳсулоти солимгардонӣ дар назар аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати обҳои коркардшуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили чунин коргоҳҳои истеҳсолиро бо истифода аз обҳои тоза ба манфиати кор номиданд.

Рушди соҳаи саноати коркарди обҳои маъданӣ дар Баадахшон ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон ва афзоиши ҷойҳои кории доимӣ мусоидат менамояд.

Баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхонаи Нарзани Помир 12 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истеҳсоли оби нӯшокии шифобахш дар ин минтақаи кӯҳӣ, ки обҳои табиӣ ва маъдании он дар Осиёи Марказӣ камназир аст, иқдоми муҳиме дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба бозори ҷаҳонӣ баровардани оби маъдании Тоҷикистон аст.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли обҳои Нарзан Помир дар шаҳри Хоруғ як қадами дигар дар роҳи саноатикунонии кишвар ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ буда, нишонаи равшани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тамоми гӯшаҳои Тоҷикистонро ба масири рушду тараққиёт раҳнамоӣ менамоянд.

Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашикан дар Парки технологии шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд