Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Илм барои бехатарии ҷаҳон» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ таҳти унвони «Илм барои бехатарии ҷаҳон» бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳануз соли 1992 таъсис ёфтааст ва дар давоми ин 30 – сол дар аксарияти давлатҳои дунё барои баргузории корҳои татқиқотӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ҳамзамон барои дӯстиву рафоқат ва баҳамоию якдигарфаҳмӣ ва дар умум барои баланд бардоштани савияи донишҳои илмиву техникии халқиятҳо ва таъмини амнияти осоиштаи халқиятҳои дунё фаъолият менамояд.
Дар кори ин конфронс аз тамоми давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико олимон иштирок намуда, барои рушду равнақи кори ин марказ мулоҳизаронӣ намуданд. Метавон гуфт, ки дар фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ — техникӣ олимони 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илми ҷумҳурӣ ҳамкориҳои илмии худро бо аксарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳон тақвият дода, барои рушди зинаҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби роҳбарияти академия тадбирҳои наву саривақтӣ андешида мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






