Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд

Июнь 27, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ба истифода дода, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Иншоот дар доираи истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалишавии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рӯи даст гирифта шуда, аз ҷониби соҳибкорзани муваффақ Гуланор Одилбекова бунёд ёфтааст.

Бино дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бо риояи талаботи шаҳрдорию шаҳрсозии муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бино китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, қабати дуюм китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва дар қисмҳои болоии бино Маркази рушди зеҳни сунъӣ ҷойгир хоҳад шуд.

Ҳарду китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 5 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар қисми алоҳидаи китохбонаи кӯдаконаи вилоятӣ гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил шудааст, ки дар он ҳамаи адабиёти зарурӣ барои дӯстдорони китоб маҳфуз аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати соҳибкор, барои ташкили чунин пойгоҳи илму дониш баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат бунёд ва муҷаҳҳазгардонии иншоотро бо адабиёти зарурӣ ва фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар маркази шаҳри Хоруғро қадами устувор дар роҳи илму дониши муосир арзёбӣ карданд.

Бояд таъкид намуд, ки то имрӯз масъулини китобхонаҳои кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ, аз набудани шароит дар ин самт ва дастрас набудани адабиёти зарурӣ мушкилӣ доштанд. Ҳоло бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори зарурӣ дар ин самт таъмин гардид. Зимни муаррифии фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки марказ бо назардошти талаботи замон фаъолият дошта, ба он омӯзгорони соҳибтахассус, донандагони хуби забонҳои хориҷию илмҳои муосир ҷалб шудаанд.

Рӯи даст гирифтани тадбири мазкур, дар асоси амалинамоии Стратегияи руши зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба ҳисоб меравад, ки кишвари мо дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди зеҳни сунъиро дар замони мусоир яке аз унсурҳои ҷудонопазир бобати пешрафти иқтисоди рақамӣ неку муассир арзёбӣ намуда, фаъолияти самарабахш дар ин ҷодаро ба манфиат маънидод карданд.

Гуфта шуд, ки маҳз барои ҳамин солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидааст, ки яке аз самтҳои асосии он рушди зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии он ба иқтисод ва идоракунии давлатӣ мебошад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба иҷрои корҳои сомонёфта, баҳои баланд дода, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати кор ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ба илмҳои замони муосир дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Дастандаркорон аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз бахши хусусӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

Ифтитоҳи Китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд