Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июнь 27, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рудхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 1 июни соли 2023 оғоз гардида буд.

Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст.

Пули замонавӣ бо 7 сутуни устувор, деворҳои муҳофизатӣ ва такядеворҳо мустаҳкам карда шудааст.

Сохтмони пул дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва марҳилаи чоруми “Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи марказӣ” дар шаҳри Хоруғ анҷом дода шудааст.

Дар шафати пули мошингузар панҷараҳои оҳанин насб гардида, аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 2,20 метр сохта шудааст.

Инчунин, мутобиқи талабот зери новаҳои обгузар дигар конструксияҳои оҳану бетонӣ насб гардида, гирду атрофи пул чароғон карда шудааст.

Иқтидори борбардории пул 80 тоннаро дар бар гирифта, аз ду тарафаш зинапояҳо барои сокинон бо тарҳу меъмории муосир сохта шудааст.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Шарифобод василаи беҳтарини рафтуомади сокинон ва коҳиши танбашавии нақлиёт дар шаҳри Хоруғ мешавад.

Сокинон аз бунёд ва мавриди ба истифода қарор гирифтани пули мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд