Сарвазири Тоҷикистон: «Кишварҳои ИДМ рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро тасдиқ намуданд»
ДУШАНБЕ, 05.06.2025/АМИТ «Ховар»/. «Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро дар доираи Иттиҳод тасдиқ намуданд», — гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пас аз ҷаласаи Шуро.
Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки «зимни ҷаласаи Шуро мубодилаи ҳамаҷониба ва муфассали афкор доир ба маҷмуи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ анҷом дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими савдои мутақобила, рушди ҳамкории саноатӣ, гуногунсозии иқтидори содиротӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва меъёрҳои байналмилалии сифат равона карда шуд».
«Мавқеи кишварҳо оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд мутобиқ буда, ин омил ба таҳкими ҳамгироӣ ва фаҳмиши мутақобилаи байни давлатҳои мо мусоидат мекунад»,-тазаккур дод Қоҳир Расулзода.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов ва Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






