Шаҳрвандони Эрон аз бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /НИАТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин тадбир дар асоси муомила ба мисл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, таҳти №324 ба банди 24 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№207, аз 31 марти соли 2020) сархати сеюм бо мазмуни «-Ҷумҳурии Исломии Эрон – барои 30 рӯз» ворид карда шуда, амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 10 августи соли 2024 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, низоми бераводид амал мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид






